Slide

Замина

Барномаи фарогири ҳамкорӣ оид ба коҳиш додани хавфи воситаҳои тарканда (ICExH) ташаббуси САҲА буда, низоми механизмҳоест, ки ба дастгирии давлатҳои иштирокчии САҲА дар Осиёи Марказӣ дар самти ҳалли мушкилот ва масъалаҳои марбут ба хатари таркишҳо равона шудаанд.

Ҳадафи умумии Барномаи ICExH ин беҳтар намудани вазъи корҳо бо хатари таркиш дар давлатҳои иштирокчии дахлдор дар Осиёи Марказӣ аст. Он масъалаҳои марбут ба безараргардонии муҳимоти тарканда, беаслиҳагардонӣ, мубориза бо муҳимоти таркандаи худсохт (C-IEDs) ва тақсимоти онҳо, инчунин огоҳонӣ ва коҳиш додани хавфҳоро дарбар мегирад.

Принсипи асосии барномаи ICExH дар он аст, ки мушкилоти муштарак ва нигарониҳо дар бораи хатари таркиш ҳамкории техникиро тавассути курсҳои таълимии муштарак мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба ва сабақҳои омӯхташуда, инчунин алоқаҳои доимии коршиносонро талаб мекунад.

Ҳалли масъалаҳои марбут ба хатари таркишҳо сатҳи бехатариро баланд бардошта, суботро дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мустаҳкам менамояд.

Чаҳорчӯби стратегӣ

Барномаи ICExH ба таъмини ҳадафмандонаи мустаҳкамсозии зарфият ва кӯмаки техникӣ оид ба коҳиш додани хавфҳо ва вокуниш ба хатари таркиш дар давлатҳои иштирокчӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон нигаронида шудааст. Барнома инчунин мақсад дорад, ки тавассути мустаҳкамсозии зарфият ва ҳамкории техникӣ бо давлатҳои иштирокчӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, пеш аз ҳама масъалаҳои вобаста ба хатари таркишҳоро ҳал намояд ва инчунин мубодилаи таҷрибаи техникӣ ва амалияи беҳтаринро таъмин созад.

Тавассути иштирок дар барномаи ICExH давлатҳои иштирокчӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон:

  • Зарфияти давлатии миллии худро дар соҳаи коҳиши маҷмуии хатарҳо ва вокуниш ба хавфи таркишҳо дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ баланд бардоранд. Фароҳам овардани имконияти омода намудани тренерҳои (омӯзгорони) миллӣ ва таҳияи барномаҳои омӯзишӣ дар соҳаи маводи тарканда, огоҳӣ аз хавфҳо ва вокуниш ба хатари таркишҳо, инчунин тренинг барои тренерҳо.
  • Иштирок дар мубодилаи дорои шакли сохторёфта дар самти мубодилаи таҷриба ва амалияи пешрафта ба хотири коҳиши маҷмуии хавфҳо ва вокуниш ба хатари таркишҳо. Муҳайё сохтани имконияти иштирок дар барномаҳои мубодила, шомил шудан ба шабакаи коршиносон ва дастрасӣ пайдо кардан ба иттилооти техникӣ, аз қабили маводи таълимӣ, тавассути саҳифаи интернетии барномаи ICExH барои коршиносони миллӣ ва дигар кормандон.

Ҳамкории шарикона

Дафтари САҲА дар Тоҷикистон (ДдТ)

Дар асоси мандати ҷории худ  дар кишвар, ДдТ уҳдадор аст, ки  дар фаъолияти минтақавӣ, ки метавонад ба таъсис ва рушди ҳамкории зичи минтақавӣ мусоидат намояд, иштирок варзад.

ДдТ идоракунии лоиҳа ICExH-ро тавассути воҳиди мусоидат ба ҳамкории гурӯҳи безарарсозии минаҳои Раёсати сиёсӣ-ҳарбӣ амалӣ месозад. Илова бар ин, ба доираи масъулияти он сафарбаркунии захираҳо ва идоракунии ҳиссагузориҳои ғайрибуҷетӣ ба лоиҳа дохил мешаванд.

Дафтарҳои саҳроии САҲА дар Осиёи Марказӣ ва Котиботи САҲА

Дафтарҳои саҳроии САҲА дар Осиёи Марказӣ татбиқи лоиҳаро ба сифати канали алоқа ва ҳамоҳангсозӣ тавассути алоқаҳои мунтазам бо мақомоти миллӣ дар давлатҳои иштирокчӣ дастгирӣ мекунанд.

ДдТ бо Маркази пешгирии низоъҳои Котиботи САҲА ва бо дигар воҳидҳои мавзуии дахлдори он бо мақсади мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳо ҳамкории зич дорад.

Давлатҳои узви САҲА дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон

Давлатҳои манфиатдори узви САҲА дар Осиёи Марказӣ ва Aфғoнистон, тавассути шуъбањои масъули худ, аз қабили Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Дафтари ҳифзу наҷот/омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва мақомоти миллӣ оид ба масъалаҳои минаҳо, иштироккунандагони омӯзиш, барномаҳои мубодила ва имкониятҳои дигари лоиҳа мебошанд.

Шарикон оид ба омӯзиш

Курсҳои пешбининамудаи барномаи ICExH аз ҷониби муассисаҳо ва / ё мутахассисони соҳибихтисос  дар ҳамкорӣ бо ДдТ гузароида мешаванд.

Фармондеҳии марказии артиши ИМА (ФМА), дар асоси шартнома-ёддошт бо ДдТ ки моҳи феврали соли 2014 ба имзо расидааст, барои барномаҳои омӯзишии зерин кӯмаки моддӣ пешниҳод менамояд: сатҳҳои БМТ 1, 2, 3 ва 4 (тахассуси C-IED). 

БМТ сатҳҳои 1, 2, 3 и 4 (тахассуси СВУ), 

Дар айни замон омӯзишҳоро Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мина сертификатсия мекунад.

Ташкилоти қабулкунанда оид ба омӯзиш

Омузиш дар бинои аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузоршуда (дар доираи барномаи ICExH) дар ҳудуди полки хизматрасонии муҳандисӣ дар шаҳри Душанбе ва маркази таълимии саҳроии Донишкадаи ҳарбӣ дар Лоҳур гузаронида мешавад.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон нақша дорад, ки барномаи ICExH-ро барои созмон додани Маркази таълимии минтақавӣ оид ба коҳиш додани хавфи воситаҳои тарканда истифода барад. Бо ин мақсад, ДдТ дар навсозии заминаи таълимиву моддӣ дар ҷойҳои зикршуда кӯмак мерасонад.

Ҷомеаи донорӣ

Барномаи ICExH ҳамчун лоиҳаи ғайрибуҷетӣ таҳия карда шудаааст. Ин маънои онро дорад, ки иҷрои он комилан аз дастгирии некхоҳонаи ҷомеаи донорҳо вобаста аст.

Fuse
© ICExH. All rights reserved..